- Ҳукумати Туркия баргузор намудани чорабиниҳо ба муносибати ҷашни Наврӯзро, ки миёни аҳолии курди ин кишвар ба таври густурда таҷлил мегардад, манъ кард, - иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба изҳороти расида аз Ҳизби демократияи мардумии курдҳо (фраксияи 3-юми парлумон бо 11%-и вакилон).
«Имсол дар кишвари мо иди Наврӯз дар шароити душвор ҷашн гирифта мешавад. Ҳукумат бо баҳонаҳои сохта ё бидуни шарҳи сабаб ва идома ба сиёсати манъкуниву фишор ба баргузор намудани чорабиниҳои идона иҷозат намедиҳад», - омадааст дар изҳороти ҳизб.
Ҳизби курдгаро ин манъкуниҳоро ғайриқонунӣ унвон карда, аз ҳукумат даъват кардааст, ки аз онҳо даст кашад. «Кӯшишҳои манъ кардани ҷашни Наврӯз ғайриқонунианд. Ин ид тӯли ҳазорҳо сол ҷашн гирифта мешавад. Мо аз ҳукумат даъват мекунем, ки аз ақли солим кор гирифта, таъмини баргузории ҷашнро дар вазъи оромиву амният таъмин кунад», - гуфта мешавад дар изҳорот.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста