Дар доираи боздид аз вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар зардолубоғи хоҷагии деҳқонии Ғалабаи ҷамоати деҳоти Раҷаб Ҳамробоеви шаҳри Конибодом назди роҳбарону фаъолон ва сокинон суханронӣ ва бо онҳо сӯҳбати самимӣ доир кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, нахуст Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро бо фарорасии Соли нави аҷдодӣ - Наврӯзи оламафрӯз самимона табрик гуфта, ба сокинон бахту иқболи баланд ва баракати кор орзу намуд.
Таъкид гардид, ки дар доираи корҳои созандагию бунёдкории Ҳукумати кишвар имрӯз дар шаҳри Конибодом якчанд иншооти таъиноти гуногун ифтитоҳ гардид. Ҳадаф аз бунёди корхонаҳои саноатӣ таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба шуғл фаро гирифтани мардум ва беҳдошти сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад.
Сарвари давлат ба иқдоми неки соҳибкорони шаҳр баҳри мусоидат дар ободии диёри хеш изҳори сипос намуда, диққати ҳозиринро ба вусъати корҳои ободонию созандагӣ, рушди соҳаи боғдорӣ, содироти ҳарчи бештари маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷ, инчунин дигар корҳои хайр ҷалб кард.
Ба андешаи Пешвои миллат мардуми шаҳри Конибодом бо такя ба анъанаҳои неки гузаштагони худ ба корҳои ободонӣ бо азми қавӣ муносибат карда, бо меҳмоннавозӣ, заҳматдӯстӣ ва ватанпарвариву фарҳангдӯстии хеш дар ҷодаи таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва рушди минбаъдаи кишвари азизамон саҳми назаррас мегузоранд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми меҳнатқарину қавииродаи Конибодом барои пуштибонӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати кишвар изҳори сипос карда, онҳоро ба идомаи корҳои созандагӣ, тарбияи фарзандон дар роҳи ватандорию хештаншиносӣ ҳидоят намуд.
Баъди суханронии Сарвари давлат аз номи сокинони шаҳр Аҳрор Бобоҷонзода - омӯзгор, Шаҳноза Аҳмадова – донишҷӯ, Нозими Нуъмонӣ кишоварз ва Зарнигор Баротова – омӯзгор суханронӣ карда, ба Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини зиндагии сазовор изҳори миннатдорӣ карданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста