Рӯзи сеюми сафари корӣ ба вилояти Суғд дар деҳаи Хиштхона, ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13, ба номи Камоли Хуҷандиро ҳамчун армуғони наврӯзӣ расман ифтитоҳ бахшид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, арзиши умумии корҳои сохтмоонӣ ва таҷҳизонидани мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 13, ба номи Камоли Хуҷандӣ наздики 6 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба дастаи ҳаваскорони мактаб 1 адад пианино, асбобҳои дигари мусиқӣ, 3 мошинаи дарздӯзӣ, ду тахтаи электронии синфӣ ва барои таъсиси боз як синфхонаи компютерӣ компютерҳои муосир тақди намуд.
Баъди шиносоӣ бо шароити таълим дар саҳни ҳавлии мактаб Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон назди сокинони ноҳия, омӯзгорону хонандагон суханронӣ ва суҳбати самимона орост.
Ҳамчунин дар ноҳияи Ашт Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бинои нави Кохи фарҳангро ба истифода дод.
Зимни шиносоӣ аз иншооти нави фарҳангӣ ба Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки сохтмони Кохи фарҳанги ноҳия моҳи марти соли 2014 аз ҷониби Идораи сохтмони асосии вилоят оғоз гардида, маблағи умумии сохтмони бино ба 12 миллион сомонӣ баробар мебошад.
Дар саҳни ҳавлии Кохи фарҳанг Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон назди аҳли фарҳанг ва дигар сокинони ноҳия, ки барои истиқболи Пешвои миллат ва сӯҳбат бо Сарвари хеш ҷамъ омада буданд, суханронӣ намуда , мулоқоти самимӣ орост.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста