Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов рӯзи 31 март сафири Қазоқистон Агибай Смагуловро бинобар анҷом ёфтани маъмурияти дипломатияш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни сӯҳбат раванди рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон баланд арзёбӣ гардид ва изҳори умед карда шуд, ки ҳамкориҳои стратегии Тоҷикистону Қазоқистон дар арсаҳои мухталиф густариши бештар хоҳанд ёфт.
Вазири корҳои хориҷӣ ба сафир А.Смагулов барои фаъолияти пурсамари дипломатияш дар Тоҷикистон изҳори сипос намуд.
Ҳамчунин ҳамин рӯз вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдод бо сафири Туркманистон дар Тоҷикистон Чорӣ Атаев доир гардида, зимни мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои рушди робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитариро мавриди муҳокима қарор доданд.
Гуфта мешавад, ҳавасмандии ҷонибҳо перомуни таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталифи мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳор гардид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста