Вакили Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №14 Латофат Назирова дар иҷлосияи ояндаи Маҷлиси пойтахт, ки ба санаи 14 апрел таъин шудааст, аз ваколатҳояш маҳрум мешавад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шахрдории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ Латофат Назирова муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон таъин шудааст.
Мутобиқи меъёрҳои қонунгузорӣ, замони дар вазифаи мазкур қарор доштан, ӯ дигар ба интихоб шудан ба ҳайси вакил дар ҳама гуна сатҳ ҳуқуқ надорад.
Дар робита ба аз ваколатҳояш маҳрум шудани Л.Назирова, иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи пойтахт ҳайати комиссияи интихоботӣ оид ба баргузор намудани интихобот дар ҳавзаи зикршударо таъсис медиҳад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста