Журналистон доир ба коррупсия дар сатҳи болоии ҳукуматҳои Русия, Украина, Сербия ва дигар кишварҳо маводе ба нашр расониданд, ки дар он аз 72 нафар собиқ ё ҳозира сарони кишварҳо, аз ҷумла диктаторони муттаҳам ба ғорати давлатҳои худ зикр мешавад.
Дар маводи тафтишоти санаи 3 апрел чопшуда зикр мегардад, ки президенти Русия Владимир Путин тавассути афроди наздикаш ҳудуди 2 млрд. долларро ба ширкатҳои офшорӣ баровардааст.
Таҳқиқот аз ҷониби рӯзноманигорони 76 кишвари дунё сурат гирифтаааст, ки рӯйи беш аз 11 млн. санадҳои марбут ба ширкатҳои оффшорӣ ва моликони онҳо кор кардаанд. Маводи мазкурро Маркази таҳқиқоти коррупсия ва ҷинояткории муташаккилона (OCCRP), Консорсиуми байнулмилалии тадқиқоти журналистӣ (ICIJ) ва WikiLeaks чоп кардаанд.
Гуфта мешавад, қисмати назарраси гузориш ба Русия дахл дошта, муаллифони мавод онро ҳангомадор (сенсатсионӣ) пешгӯи карда буданд. Роҳбари OCCRP Дрю Салливан изҳор дошта буд, ки пас аз нашри он «ҷаҳон тағйир мепазирад».
Дар аснод аз 4 ширкати дар сатҳҳои гуногун бо Русия муносибатдошта зикр мешавад. Ба гуфтаи муаллифон, онҳо дар минтақаи оффшор сабт шуда, бо бонки «Росия» ва чанде аз шиносҳои наздики президенти Русия алоқамандӣ доранд.
Дар мавод қайд мешавад, ки бонки тиҷоратии «Россия» бо эҳтимоли яқин ба тарзу усулҳои пулшӯйӣ даст дошта, ба он ин шахсон ва як зумра шиносҳои президенти Русия Владимир Путин ҷалб буда метавонанд.
Дар гузориши ICIJ аз ҷумла тасдиқ мешавад, ки афроди «наздик ба атрофиён»-и президенти Русия тариқи ширкатҳои оффшорӣ ҳадди ақал 2 млрд. доллари ИМА-ро интиқол додаанд.
Қаблан хабаргузории Reu далелҳои аз ҷониби Путин ба занон додани амволи ғайриманқулро, ки гӯё ба президенти Русия рабт доштаанд, интишор карда буд.
Хабаргузории РБК менависад, дар таҳқиқоти консорсиуми журналистон ба ҷуз аз ному насаби «атрофиён»-и Владимир Путин, дар бораи 12 оффшори собиқ ё ҳозира сарони кишварҳои ҷаҳон, 128 нафар сиёсатмадорон ва 29 нафар миллиардерҳо маълумот ба нашр расидааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста