Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ният дорад, ки ба пешбурди риояи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои бунёдӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла озодиҳои динӣ идома бидиҳад ва дар ҳамин ҳол, ҳамчунин кӯшишу талошҳои Тоҷикистонро дар мубориза бо ифротгароии зӯроварона дастгирӣ менамояд.
Зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард изҳор намуд, ки мушкилоти минтақавие ба мисли терроризму ифротгароии хушунатомез ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мояи нигаронии амиқи ҳам Тоҷикистону ҳам ИМА аст.
Дипломати амрикоӣ таъкид дошт, ки замони муқими Тоҷикистон будан ба ҳайси сафир барои таҳкими шарикии Тоҷикистону ИМА дар ҳаллу фасли ин хатару таҳдидҳои ҷиддӣ ва густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши амният кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Э.Миллард бар ин назар аст, ки ба амнияти дарозмуддат, субот ва шукуфоӣ дар Тоҷикистон танҳо тавассути ҷонибдории қавӣ ба риояи волоияти қонун, рушди иқтисод, беҳбуди муҳити тиҷорат, ҳимоя аз ҳуқуқ ва озодиҳои мардум метавон ноил гардид.
«ИМА аз ҳадафҳои Тоҷикистон дар бахши амният, ислоҳоти демократӣ ва рушди иқтисодӣ дастгирӣ мекунад», - иброз дошт ӯ.
Сафири ИМА қайд кард, ки имсол ба аз ҷониби ИМА эътироф гардидани соҳибистиқлолии Тоҷикистон 25 сол пур мешавад. «Замони ба сифати сафир дар Тоҷикистон қарор доштанам ба баланд бардоштани мусоидати мусбат ба мардум ва ҳукумати Тоҷикистон умедворам», - гуфт сафир.
Миллард таъкид дошт, ки аз замони роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни кишварҳо ИМА ба Тоҷикистон беш аз 1 млрд. доллари ИМА кумак кардааст. «ИМА ба ояндаи орому босубот, озодона ва шукуфои Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат карданист», - афзуд Э.Миллард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста