Сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард изҳор дошт, ки зимни ироаи кумак ба Тоҷикистон дар бахши амният кишвараш масоили риояи ҳуқуқҳои инсонро ба инобат мегирад.
«Кумаки мо ба бахши амнияти Тоҷикистон бар асоси созишнома бо ҳукумати ин кишвар сурат гирифта, ҳадафи мо кумак ба Тоҷикистон дар муайян кардани таҳиду хатарҳо ва мубориза бо онҳо мебошад», - гуфт сафир зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе.
«Зимни ироаи кумак ба Тоҷикистон дар бахши амният мо масоили риояи ҳуқуқҳои башарро ба инобат мегирем», - посух дод Э.Миллард ба саволи журналистон бобати имкони аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон истифода шудани ин кумак бо мақсади фишор болои мухолифони сиёсии мусолиҳакор.
Ӯ таъкид дошт, ки Тоҷикистон бо ифротгароиву терроризм мубориза мебарад ва ин кори осоне нест. «Аммо самтҳои мубориза бо терроризм бояд возеҳу аён бошанд ва террористонро аз мухолифони сиёсӣ фарқ мебояд кард», - афзуд сафир.
Қобили зикр аст, ки ахири моҳи гузашта васоити ахбори умуми хориҷӣ бо истинод ба Вазорати мудофиаи ИМА иттилоъ дода буданд , ки Пентагон кумакҳои низомӣ ба дигар кишварҳоро афзун карданист. Нашрияи Politico дар ин робита навишта буд , ки миёни кишварҳое, ки аз ин лиҳоз дастгирӣ меёбанд, Тоҷикистон низ ҷой дорад, ки ба андешаи Вазорати мудофиаи ин кишвар, дар он ҷо мавридҳои шиканҷаву таъқиб ба таври густурда истифода мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста