Дар Душанбе 6 апрели соли 2016 миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия машваратҳои сиёсӣ баргузор гардид.
Вазорати корҳои хориҷии ҶТ дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки ҳайати Тоҷикистонро муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва ҳайати Русияро муовини вазири корҳои хориҷии Русия Олег Сиромолотов роҳбарӣ карданд.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо оид ба вазъи минтақа, ҷанбаҳои мубрами таъмини амният, хусусиятҳои терроризми муосир ва муқовимат бар зидди терроризми байналмилалӣ, оид ба усулҳои ифротишавии ҷомеа ва роҳҳои бартарафсозии он табодули назар намуданд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳошияи машваратҳо роҳбари ҳайати Русияро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ба ҳузур пазируфт.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Русия оид ба натиҷаҳои сафари дипломати рус ба Тоҷикистон, зимни мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Русия Олег Сиромолотов бо муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ зарурати муттаҳид сохтани талошҳо дар мубориза бо гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» (ДИ) таъкид шудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот ҷузъиёти вазифаҳои бештар умда дар бахши муқовимат бо терроризм байнулмилалӣ баррасӣ шуда, ҷонибҳо ба роҳандози амалҳо дар ин самт бо инобати нақши мутамаркази СММ ва Шӯрои Амнияти он бидуни сиёсатгароӣ ва «меъёрҳои дугуна» омодагии усулӣ изҳор намудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста