Нахуствазири Британияи Кабир Дэвид Кэмерон дар ширкати офшории падараш Blairmore Holdings саҳмдор буданашро то ба мартабаи нахуствазирӣ расидан эътироф карда, изҳор намуда, ки онҳо бо ҳамсараш саҳмияҳои ин ширкатро ба маблағи беш аз 30 ҳазор фунт фурӯхтаанд.
Вақте «асноди Панама» чоп шуд, нахустин вокуниши дафтари нахуствазир он буд, ки масъалаи ширкати яке аз мудирони ширкат будани Иан Кэмеронро «кори шахсӣ» эълон карда, сипас зикр гардид, ки нахуствазир дар ширкат молики саҳмия нест.
Баъдан худи Кэмерон изҳор кард, ки «ҳеҷ гуна саҳмия надорад» ва бо «маоши нахуствазир ва баъзе амонатҳо, ки аз он фоизҳо мегирад ва даромад аз иҷораи манзилаш, ки айни ҳол ӯ дар он зиндагӣ намекунаду бо оилааш дар Даунинг стрит» иқомат дорад, кору зиндагӣ дорад».
Аммо каме баъдтар нахуствазири Британияи Кабир аллакай эътироф намуд, ки ҳамроҳ бо ҳамсараш дар ширкати офшории аз ҷониби падараш таъсисдода молики ҳисса буда, ин ҳиссаро соли 2010 фурӯхтаанд ва аз он ҳудуди 30 ҳазор фунт (тақрибан 42 ҳазор доллар) ба даст овардаанд.
Асноди аз ҷониби фирмаи ҳуқуқии Mossack Fonseca-и Панама интишоршуда ба даст доштани як зумра сарони кишварҳои ҷаҳон ва наздикони онҳо ба муомилоти вобаста ба офшорҳо гувоҳӣ медиҳанд.
Аз ҷумла дар маводи интишоршуда аз ҷониби Sueddeutsche Zeitung-и Олмон падари марҳуми нахуствазир Иан Кэмерон ба сифати яке аз мудирони бритониёии ширкати Blairmore Holdings зикр мешавад. Ин фонди офшорӣ соли 1980 таъсис ёфта, тавассути он гӯё бритониёҳои сарватманд аз андозбандӣ худро канор мегирифтаанд.




“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста