Дар гузориши солонаи Вазорати корҳои хориҷии ИМА оид ба вазъи ҳуқуқи башар ва озодиҳои сиёсӣ дар кишварҳои дунё ба мутамарказ шудани ваколатҳо дар дасти ҳукумати иҷроия дар Тоҷикистон, ки «як кишвари худкома» номида мешавад, таваҷҷуҳ зоҳир шудааст.
Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ , муаалифони гузориш ба он таваҷчуҳ зоҳир кардаанд, ки Қонуни асосии Тоҷикистон низоми сиёсии чандҳизбиро иҷозат медиҳад, вале давлати Тоҷикистон таърихан гуногунандешии сиёсиро поймол мекунад ва ин корро дар як соли гузашта ҳам идома додааст.
Дар ин робита аз ҷумла аз таҳти назорати шадиди мақомоти амниятӣ қарор гирифтани ниҳодҳои ҷомиаи шаҳрвандӣ ва ҳам аз интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2015 ёдоварӣ шудааст, ки бино ба хулосаи нозирони байналмилалӣ, бо камбуди гуногунандешӣ ва имкони интихоби воқеӣ баргузор шуд.
Дар гузориш ҳамин нотавонии шаҳрвандон ба тағйири ҳукумат аз тариқи интихоботҳои озоду одилона ва ҳамчунин шиканҷаву бадрафторӣ нисбат ба боздоштшудагон ва афроди дигар аз сӯи мақомоти амниятӣ, таъқиби фаъолони сиёсӣ ва гурӯҳҳои мухолифин аз мушкилоти аз ҳама доғи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон унвон шудааст.
Аз мушкилоти дигари ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, бино ба ин манбаъ, яке маҳдудиятҳо дар роҳи озодии баён, озодии матбуот ва нашри озодонаи маълумот, бо шумули масдуд шудани чандин сомонаи хабариву шабакаҳои иҷтимоӣ, дигаре - шароити бади озодиҳои мазҳабӣ ва якеи дигар хушунат ва табъиз алайҳи занон баршумурда шудаанд.
Департаменти давлатии ИМА ҳамчунин шиканҷа дар артиш, ҳабсҳои худсарона, рад шудани ҳаққи шаҳрвандон ба муҳокимаи одилона, шароити сахту барои ҳаёт хатарнок дар зиндонҳои Тоҷикистон, манъи дастрасии нозирони байналмилалӣ ба маҳбасҳо, маҳдуд кардани ҳуқуқи коргарон ва қочоқи инсон, бо шумули қочоқи нирӯи корӣ ва қочоқи занон барои танфурӯширо аз дигар мушкилоти ҳуқуқи инсон дар ин кишвари пасошӯравии Осиёи Марказӣ ном мебарад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста