Сафири Фавқулодда ва Мухтор, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо Эркинхон Раҳматуллозода эътимодномаи худро ба Президенти Шӯрои Иттиҳоди Аврупо Доналд Туск супорид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Доналд Туск сараввал мулоқоти ахири худ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар шаҳри Брюссел бо хушҳоливу гармӣ ёдовар шуда, сипас Сафирро ба муносибати ба ин вазифаи пурмасъул таъин шуданаш табрику таҳният намуд ва ба ӯ зимни иҷрои рисолати дипломатиаш комёбиҳо таманно намуд.
Дар рафти мулоқот, ки дар фазои созанда ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт, тарафҳо ба сатҳи имрӯзаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баҳои баланд дода, зикр намуданд, ки минбаъд низ барои таҳкими робитаҳои гуногунҷабҳа иқдом хоҳанд кард. Ҳамкории муассири тарафайн дар масоили таъмини амният, мубориза бар зидди хатару таҳдидҳои муосир дар сархати ин ҳамкориҳо қарор хоҳад дошт.
Сафири навтаъини Тоҷикистон аз нақши мусбати барномаҳои дар Тоҷикистон татбиқшавандаи Иттиҳоди Аврупо, чун БОМКА, КАДАП ва Барномаи индикативии бисёрсола ёдовар шуда, нисбати кӯмаки Бонки сармоягузории Аврупо, ки аз ниҳодҳои зертобеи Иттиҳод аст, ҷиҳати татбиқи пружаи муҳимтарини минтақавӣ CASA-1000 ибрози сипос намуд. Таъкид гардид, ки тавсеаи татбиқи чунин барномаҳои мутақобилан муфид ба нафъи сулҳу субот ва рушди устувор дар кулли минтақа низ хоҳад буд.
Дар охир, Сафир Эркинхон Раҳматуллозода таъкид намуд, ки мубодилаи сафарҳои расмӣ байни роҳбарони Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди тарафҳо уфуқҳои тозаеро боз хоҳад кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста