Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба силсилаи заминларзаҳои шадид дар Япония, ки ба талафоти ҷониву зиёни зиёди молӣ боис гардиданд, ба сарвазир ин кишвар Синдзё Абэ барқияи тасаллият ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон зикр мегардад, ки «хабари ҳузнангези силсилаи заминларзаҳои шадидро дар кишвари Шумо, ки боиси ҳалокат ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди одамон шуда, харобиҳои зиёдеро ба бор овардаанд, бо андӯҳи бузург дарёфтам».
«Дар ин лаҳзаҳои сангин барои мардуми дӯсти Япония ҳамдардии амиқи инҷонибро ба пайвандон ва наздикони қурбониёни ин офати табиии фоҷеабор ирсол дошта, барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам», - омадааст дар барқия.
Ёдрас мекунем, ки бар асари силсилаи заминларзахо дар қисмати ҷанубу шарқи Япония на камтар аз 40 нафар ҳалок ва беш аз 2 ҳазор нафар сокинони ин кишвар осеб дида, зиёда аз 200 манзили зист хароб ё осеб диданд. Дар натиҷаи фаромадани ярч роҳу пулҳо низ хисорот бардоштанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста