Вакилони мардумии Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия бо роҳбарии Раиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Туркия ва Тоҷикистон санаи 25 апрели соли 2016 ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анкара ташриф оварданд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот Сафири Тоҷикистон Фаррух Шарипов ба вакилони мардумии Маҷлиси Бузурги Миллии Туркия оид ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханрони намуда, вазъи иқтисодӣ-иҷтимоӣ, тиҷоратӣ, фазо ва имкониятҳои сармоягузорӣ, масъалаҳои обӣ-энергетикӣ, фарҳангӣ, илмии Тоҷикистонро муарифӣ кард. Дар суҳбат Сафири Тоҷикистон аз вакилони мардумиии Туркия ҷиҳати мусоидат барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди дуҷонибаи даъват ба амал овард.
Раиси гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳмет Алӣ Ҷевҳерӣ аз сатҳи муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, дар рушди ҳамкориҳои дуҷониба мусоидати гурӯҳии дӯстиро баён кард.
Меҳмет Алӣ Ҷевҳерӣ қайд намуд, ки дар моҳҳои наздик гурӯҳи соҳибкорони бонуфузи туркӣ ҷиҳати шиносоӣ аз лоиҳаҳои сармоягузории Тоҷикистон ба Душанбе сафар анҷом медиҳанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста