Зимни суханронӣ дар чорабинии ҷашнӣ ба муносибати 20-умин солгарди имзои Созишнома дар бораи таҳкими эътимод дар соҳаи низомӣ дар ноҳияҳои наздимарзии «Панҷгонаи Шанхай», ки дар сафоратхонаи Чин дар Қирғизистон доир гардид, сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов изҳори иттминон кардааст, ки созишнома дар бораи марз миёни Тоҷикистону Қирғизистон зимни сафари президенти Қирғизистон Алмазбек Атамбаев ба Душанбе ба имзо мерасад.
Ба гуфтаи ӯ, Созишнома дар бораи таҳкими эътимод дар соҳаи низомӣ дар ноҳияҳои наздимарзии «Панҷгонаи Шанхай», ки 26 апрели соли 1996 дар шаҳри Шанхай ба тасвиб расида буд, ба имзои созишномаи сеҷониба миёни Чину Қирғизистон ва Афғонистон мусоидат намуд.
«Айни замон мо рӯйи имзои созишномаи ба ин монанд миёни Тоҷикистону Қирғизистон дақиқан кор мекунем. Дар ин марҳила аллакай қисмати зиёди марз мувофиқа шудааст. Моҳи майи соли равон сафари президенти Қирғизистон ба Тоҷикистон дар назар аст ва мо умедворем, ки дар он созишнома дар бораи марзи давлатӣ миёни кишварҳо ба имзо мерасад. Муҳимаш ҳарчи зудтар анҷом додани корҳои таъйин ва аломатгузорӣ дар марз аст», - таъкид доштааст дипломат.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, президенти Қирғизистон рӯзи 12 май ба Душанбе ташриф оварда, ба ҷуз иштирок дар маросими оғози лоиҳаи CASA-1000, ҳамчунин ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом медиҳад.
Қобили зикр аст, ки масофаи умумии марзи давлатӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон 972 километрро ташкил дода, то ҳанӯз 567 километр аз он аломатгузорӣ шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста