Дар қароргоҳи сафири Иттиҳоди Аврупо (ИА) дар Тоҷикистон Хидайет Бишчевич ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот бо журналистон мулоқот доир гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷаноби Бишчевич изҳор намуд, ки озодии матбуоту эътиқод барои кишварҳои Иттиҳоди Аврупо масъалаи муҳими демократия ба шумор меравад. «Ин барои Тоҷикистон, ки ҳукумат барои дарёфти тавозун миёни суботу озодии сухан талош меварзад, низ хеле муҳим аст», - иброз дошт ӯ.
Ӯ зикр кард, ки Иттиҳоди Аврупо барои рушди иқтисоди ҷумҳурӣ кумак карланист, вале ҷорӣ шудани маҳдудиятҳо дар самти риояи ҳуқуқу озодиҳои иносон метавонанд ба ин монеъа шаванд, зеро зимни баррасии лоиҳаҳои кумакҳои гуногунҷанба ба Тоҷикистон дар Парлумони Аврупо, нисбат ба ин масъалаҳо саволҳо пайдо шуда метавонанд.
«Албатта, аз бад шудани вазъи озодии баён дар Тоҷикистон мо хуб огаҳӣ дорем. Дар ҳама гуна вохӯриҳо бо намояндагони ҳукумат масоили озодии ВАО ба миён гузошта мешаванд. Аз ин рӯ, дар чунин шароити бад шудани вазъ дар ин самт ояндаи наздик баргузор намудани муколамаи сатҳи баланд дар Душанбе дар назар аст», - афзуд дипломати аврупоӣ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста