Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров рӯзи 10 май бо президентиАфғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дидору гуфтушунид карда , дар мулоқот масоили таҳкими робитаҳои банипарлумонӣ миёни Душанбе ва Кобул баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ Шукурҷон Зуҳуров изҳор доштааст, ки Тоҷикистон ҳамеша хостори таъмини суботу амният дар кишвари дӯст ва ҳамсояи Афғонистон аст, зеро мавҷуд будани оромӣ ва субот дар кишвари ҳамсоя барои тақвияти сулҳ ва якпорчагии дигар ҷумҳуриҳои ҳамҷавор ва дар маҷмуъ минтақа аст.
Шукурҷон Зуҳуров диққати меҳмони олиқадрро ба Созишномаи сегонаи савдои транзитии Тоҷикистон - Афғонистон - Покистон ҷалб намуда, зикр кард, ки ҳалли ин масъала метавонад ба сода намудани реҷаи интиқоли бор байни се давлат ва рушди тиҷорат дар минтақа таъсири мусбӣ расонад.
Дар мулоқот, ҳамчунин дар бораи ҳамкориҳои гуногунсоҳа, аз ҷумла равобити иқтисодӣ, иҷтимоӣ, энергетика, роҳу коммуникатсия, фарҳанг ва муносиботи зичи минтақаҳои наздисарҳадӣ изҳори назар карда шуд.
Рӯзи 10 май президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ҳамчунин бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода низ мулоқот анҷом дода , зимни гуфтушунид густариши ҳамкории гуногунпаҳлўи Тоҷикистону Афғонистон дорои дурнамои нек арзёбӣ гардида, таҳкими робитаҳо дар соҳаҳои сиёсат, иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, амният, илму техника, маориф, тандурустӣ ва фарҳанг баррасӣ шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста