Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳро, ки ҳайати ҳукумати кишварашро дар расми оғози татбиқи лоиҳаи бунёди хатти баланшидати барқи КАСА-1000 роҳбарӣ кард, ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон дар оғози сӯҳбат ба Абдуллоҳ Абдуллоҳ барои иштироки фаъоли ҷониби Афғонистон дар расми мавриди татбиқ қарор додани тарҳи КАСА-1000 изҳори сипосу минатдорӣ карда, омодагию ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро барои саҳмгузории муштарак дар дигар тарҳу лоиҳаи бузурги энергетикӣ, роҳу нақлиёт ва транзитӣ таъкид намуд.
Ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба раванди таҳкиму сулҳу субот дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва вазъияти марзи байнидавлатӣ табодули афкор карда зарурияти таҳкими ҳамкории сохторҳои марбутаи ду кишварро дар ин самт махсус таъкид намуданд.
Бо қаноатмандӣ таъкид карда шуд, ки миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ вобаста ба вазъи минтақа ва таҳаввулоти байналмилалӣ, масъалаҳои марбут ба амнияти минтақа, мубориза бо терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои муташаккилона ва муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ҳамкории сатҳи баланд ба роҳ монда шуда дар оянда низ ҳарду кишвар дар ин самт мавқеи ягонаи худро нигоҳ хоҳанд дошт.
Зимни мулоқот ҳамзамон масоили марбут ба ҳамкории байниҳукумати дар соҳаи илму маориф, аз ҷумла бозомӯзӣ ва омодасозии мутахассиони соҳаҳои гуногун барои ҷониби Афғонистон ва дигар мавзуҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста