Дар доираи сафари расмӣ ба Давлати Кувайт Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо собиқ Сарвазири ин Давлат шайх Носир Муҳаммад ас-Сабоҳ мулоқот кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот аз нақши фаъоли собиқ Сарвазири Давлати Кувайт дар густариши соҳибкории фарохмиқёс ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Кувайт ёдоварӣ шуда, таъкид гардид, ки дар доираи ин сиёсат имрӯз барои ба марҳалаи сифатан нав ворид гаштани муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Кувайт имконият ва заминаҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд.
Дар шаҳри Ал Кувайт Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо мушовири Девони Амири Давлати Кувайт , Раиси Фонди байналмилалии хайрияи исломӣ, Намояндаи Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба башардӯстӣ доктор Абдуллоҳ Маътуқ ал-Маътуқ мулоқот кард.
Зимни мулоқот масоили марбут ба идомаи манфиатбахши ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди байналмилалии хайрияи исломии Кувайт мавриди баррасӣ қарор дода шуда, таъкид гардид, ки суҳбату музокироти сатҳи олии ду ҷониб ва санадҳое, ки дар чаҳорчӯбаи ду сафари қаблӣ ва сафари навбатии расмии Президенти Тоҷикистон ба Давлати Кувайт ба имзо расидаанд, заминаи созандаи сиёсӣ ва ҳуқуқии ҳамкории дуҷонибаро таъмин карда барои фарогирии доираи бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ имконияти васеъ фароҳам овардааст.
Сипас Президенти Тоҷикистон бо вазири Девони Амири Давлати Кувайт шайх Носир Сабоҳ ал-Аҳмад ас-Сабоҳ мулоқот карда, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба иштироки доираи соҳибкории Кувайт дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки гидронэргетикӣ, нақлиёту комуникатсионӣ ва коркарди канданиҳои фоиданоки кӯҳии Тоҷикистон табодули афкор карданд.
Гуфта мешавад, ҳамчунин дар мулоқот масоили саҳмгузории фаъол дар бунёди корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар бахшҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ аз ҷумла чорводорию асалпарварӣ , содироту меваю сабзавоти хушсифат ва оби нӯшокии босафои Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста