Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко мухолифи ҷорӣ кардани раводид бо кишварҳои Осиёи Миёна пас аз ҳодиса дар қабристони Хованскоеи шаҳри Маскав изҳори назар кард.
Хабаргузории РИА Новости дар ин робита менависад, қаблан зарурати ҷорӣ кардани раводид барои шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистонро муовини аввали раиси Шӯрои Федератсия оид ба мудофиа ва амният Евгений Серебрянников пешниҳод карда буд.
«Ҳатто баррасии зарурати имкони ҷорӣ кардани раводидро зарур намешуморам. Дар паҳнои пасошӯравӣ аз рӯи ин омил тухми ҷудоиандозӣ коштан лозим нест. Ҳодисаи рухдода дар оромгоҳи Хованское ба ҳеҷ ваҷҳ ба сиёсати муҳоҷират рабт надорад», - гуфтааст Матвиенко ба журналистон.
Ӯ таъкид доштааст, ки занозанӣ дар оромгоҳ «бинобар сабаби муноқишаҳои ҷинояткорон бо сабки солҳои 90-ум» рух дода, ин ҷо ба мақомоти интизомӣ, ки ба чунин ҳолат роҳ додаанд, саволҳо пайдо мешаванд.
Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда, 14 май дар оромгоҳи бузурги Хованскоеи шаҳри Маскав бо иштироки ҳудуди 200 нафар занозанӣ ба вуқӯъ пайваста, се нафар тоҷикистониён ҳалок ва ҷасадҳои онҳо субҳи рӯзи 18 май ба Душанбе оварда шуданд. Беш аз 20 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба бемористонҳо мунтақил шуда, вазъи чор нафари онҳо вазнин арзёбӣ мешавад.
Тибқи фарзияи пешакӣ, муноқиша бинобар сабаби таҳти назорат гирифтани қаламрави хизматгузорӣ дар қабристон рух додааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста