Дар маъракаи раъйпурсии умумихалқӣ, ки санаи 22 май дар Тоҷикистон доир гардид, аксари кулли овоздиҳандагон ҳамаи 40 тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба Конститутсияи ҷумҳуриро дастгирӣ намуданд.
Аз ҷумла ба моддаи 28 Конститутсия тағйирот ворид шуд. Дар ин модда қаблан зикр шуда буд: «Шаҳрванд ҳақ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҳизбҳои характери демократӣ, динӣ ва атеистӣ дошта, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад».
Ин модда баъди раъйпурсӣ чунин шакл хоҳад дошт: «Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад».
Мо кӯшиш кардем, ки дар робита ба хориҷ шудани калимаи «атеистӣ» аз моддаи 28 бифаҳмем, ки оё ин ба манъи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон таҳдид намекунад ва барои рӯшанӣ андохтан ба масъала ба котиби Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Исмоил Талбаков муроҷиат кардем.
«Ҳизби коммунист ҳизби сиёсии атеистӣ набуда, ҳизбе мебошад, ки ҷонибдори адолати иҷтимоӣ аст. Ҳанӯз соли 1990 мо аз Оинномаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон калимаи «атеизм» ва тамоми чизҳои марбут ба ин мафҳумро хориҷ карда будем», - гуфт ӯ.
Дар идома котиби ҲКТ изҳор намуд, ки мутобиқи Оинномаи амалкунандаи Ҳизби коммунист, ҳамаи шаҳрвандони аз сини 18-сола болои Тоҷикистон сарфи назар аз мансубияташон ба миллату мазҳаб, маълумоту мақоми иҷтимоӣ ва ғайра метавонанд аъзои Ҳизби коммунисти кишвар бошанд.
«Оинномаи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ба масҷид рафтану намоз хондани аъзои ҳизб, сафар барои адои маросими ҳаҷ, рӯза доштан ва анҷом додани дигар расму оинҳои диниро манъ намекунад», - таъкид дошт Талбаков.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста