Дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) 24 майи соли 2016 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов доир гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот миёни вазирони корҳои хориҷӣ оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон табодули афкор сурат гирифта, мавзӯи ҳамкориҳои ду давлат дар ҳошияи СҲШ баррасӣ гардид.
Қайд карда шуд, ки Тоҷикистон ҷиҳати рушди фарогир ва мунтазами ҳамкориҳо бо Ӯзбекистон ба ҳайси ҳамсояи наздиктарини худ, дар заминаи ҳусни эътимоди тарафайн манфиатдор аст.
Дар вохӯрии Сироҷидин Аслов ва Абдулазиз Камилов ҳамчунин масъалаҳои марбут ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, нақлиёту коммуникатсия ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ гардиданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста