Роҳбари ҳайати нозирони мониторинги маъракаи раъйпурсӣ аз Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) дар Тоҷикистон Владимир Гаркун зимни нишасти хабарӣ ба журналистон изҳор намуд, ки раъйпурсӣ дар Тоҷикистон «озодона ва бидуни ягон қонуншиканӣ» баргузор шуд.
«Аз ҳайати ИДМ дар Тоҷикистон 107 нафар ҳузур доштанд, ки аз 673 қитъаи овоздиҳӣ боздид карданд. Ҳамаи биноҳо бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин ва раъйдиҳӣ дар фазои орому корӣ доир гардид. Аҳолӣ фаъолона иштирок карда, барои овоздиҳӣ навбатҳои зиёд ба мушоҳида расид», - иброз дошт номбурда.
Ӯ ҳамчунин оид ба тариқи рӯйхатҳои иловагӣ овоз додани шаҳрвандон, ба хонаҳо бурдани қуттиҳои раъйдиҳӣ барои шахсоне, ки ба қитъа омада наметавонанд, дар фазои орому кушод ва иштироки фаъоли шаҳрвандон баргузор шудани раъйдиҳӣ, дастрасӣ доштан ба ба ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ, иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ин маърака ибрози назар кард.
Роҳбари ҳайати нозирон аз Созмони ҳамкории Шанхай Ван Кайвэн изҳор дошт, ки барои баргузории раъйпурсӣ дар Тоҷикистон тамои шароитҳои фароҳам буд. «Ҳайат вазифаҳои худро бо риояи усули воқеъияти сиёсӣ ва дахолат накардан ба ҷараёни овоздиҳӣ ба иҷро расонид», - гуфт номбурда.
Ӯ иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар ин маърака, кори қитъаҳои овоздиҳӣ, ҳузури нозирон аз аҳзоби сиёсӣ ва дигар ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар қитъаҳоро қайд намуда, зикр кард, ки ба унвони ҳайати мазкур ҳеҷ шикоят ё аризае ворид нашудааст.
«Ҳайати нозирони СҲШ таъкид месозад, ки раъйпурсӣ мувофиқи қонуни конститутсионии Тоҷикистон ва талаботи уҳдадориҳои байнулмилалии Тоҷикистон доир гардида, ҳайат раъйпурсии баргузоршударо кушод, озодона ва қонунӣ эътироф мекунад. Дар рафти овоздиҳӣ вайрон шудани меъёрҳои қонунгузории миллӣ ба қайд гирифта нашуд», - афзуд намояндаи СҲШ.
Ёдрас мекунем, ки мувофиқи маълумоти пешакии Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, ба ҷонибдории ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия 3 млн. 477 ҳазору 183 нафар ва мухолифи он 134 ҳазору 171 нафар шаҳрвандони овоз додаанд, ки аз шумори умумии интихобкунандагон мутаносибан 94,5% ва 3,3%-ро ташкил медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста