Дар изҳороти котиби матбуотии Иттиҳоди Аврупо Майя Косянчич, ки дар сомонаи расмии Иттиҳод мунташир шудааст , қарори Суди олии Тоҷикистон нисбати раҳбарияти Ҳизби фаъолияташ мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон мавриди интиқод қарор гирифтааст.
Дар изҳорот қайд мешавад, ки ҷараёни мурофиаи судӣ ғайришаффоф буда, ҳуқуқҳои маҳкумшудагон ҷиҳати дастрасӣ ба мурофиаи судии боадолат поймол шудааст.
«Ин мухолифи уҳдадориҳои Тоҷикистон назди қонунгузории байнулмилалӣ аст. Пешниҳоди далелҳои возеҳи айбдории маҳкумшудагон аз рӯи тамоми моддаҳои айбдоршавӣ зарур аст. Қарори Суди олӣ ҳамчунин ба ваҳдат дар ҷомеаи Тоҷикистон зиён оварда метавонад», - зикр мегардад дар изҳороти Иттиҳоди Аврупо.
«Ҳатто дар сурати баргузор кардани амалиёти нерӯҳои амният, бояд ҳуқуқҳои бунёдии шаҳрвандони Тоҷикистон таъмин карда шаванд», - таъкид мешавад дар изҳорот.
Ёдрас мекунем, ки Суди олии Тоҷикистон санаи 2 июн нисбати фаъолони боздоштшудаи ҲНИТ ҳукм содир намуда , муовинони раиси ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ ва Маҳмадалии Ҳайитро ба ҳабси абад маҳкум кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста