Дар Душанбе вохӯрии ҳамасолаи Гурӯҳи Ҳадафнок дар мавзӯи «Нақши САҲА дар Тоҷикистон» доир мегардад. Вохӯрӣ бо иштироки намояндагони Маркази пешгирии низоъҳои Котиботи САҲА, Дафтари САҲА дар ҶТ ва ҳамчунин Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар шакли мизи гирд баргузор мешавад.
Аз Дафтари САҲА ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ҳадаф аз баргузории вохӯрии даҳуми ҳамасола натиҷагирӣ аз фаъолияти САҲА давоми фаъолияти он дар Тоҷикистон, баррасӣ ва тарҳрезии афзалиятҳо барои соли 2017 ва муҳокимаи имконоти роҳандозии ҳамкориҳои дарозмуҳлат аст.
Дар ҳамин ҳол, аз Дафтари САҲА журналистонро огоҳ намуданд, ки онҳо танҳо ба маросими ифтитоҳ ва қисмати якуми вохӯрӣ роҳ дода мешаванд. Барномаи вохӯрӣ дастрас нест.
Ҳайати САҲА дар Тоҷикистон 17 феврали соли 1994 ифтитоҳ гардида, 2 октябри соли 1996 бо қарори ҳукумати ҶТ намояндаи доимии ҶТ дар назди САҲА дар Вена таъин шуд. Соли 2002 Ҳайат ба Маркази САҲА дар Душанбе табдил дода шуд.
Айни замон Дафтари САҲА дар Тоҷикистон панҷ идораҳои корӣ дорад (дар Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Ғарм ва Шаҳритӯс). Дафтари САҲА дар Тоҷикистонро шурӯъ аз соли 2013 сафир Маркус Мюллер роҳбарӣ мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста