Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид, намояндаи доимии Барномаи рушди ин созмон дар Тоҷикистон Александр Зуевро бинобар сабаби анҷоми ваколаташ дар ин вазифа ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди ҳамкориҳо бо ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид изҳори қаноат карда, таъкид дошт, ки Тоҷикистон аз рушди бештари робитаҳо баҳри татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола манфиатдор аст.
Александр Зуев ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои сиёсати созанда ва ҳамкории пурсамари Ҳукумати Тоҷикистон бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки минбаъд низ тамоми чораҳоро меандешад, то ки ин муносибот дар оянда ҳам дар сатҳи матлуб барои ҳар ду тараф манфиатбахш идома ёбад.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо густариши ҳамкориҳо ва расондани кумаки техникиро ба Тоҷикистон омили муҳиме баҳри ноил гардидан ба рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат арзёбӣ намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста