Дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода номзад ба аъзогӣ дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешбарӣ шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, Ҷамшед Ҷӯразода аллакай расман ҳамчун номзад ба аъзогӣ дар палатаи болоии парлумони кишвар ба қайд гирифта шуда, маъракаи интихоботи он санаи 17 июл доир мегардад.
Дар палатаи болоии парлумон ӯ собиқ раиси шаҳри Хуҷанд Рӯзибой Аҳмадзодаро иваз мекунад. Дар иҷлосияи навбатии рӯзи 5 майи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум собиқ раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ваколатҳои худро супурда буд.
Рӯзи 30 март бо фармони президент Раҷаббой Аҳмадзода раиси Кумитаи давлатии идоракунии замин ва геодзезияи ҷумҳурӣ таъин ва аъзои ҳукумат шуд. Мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, аъзои амалкунандаи ҳукумат аъзои парлумон шуда наметавонанд.
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз 33 аъзо иборат буда, 25 нафари онҳо тариқи овоздиҳӣ дар иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе интихоб карда мешаванд. 8 нафар аъзои боқимондаи палатаи болоии парлумони ҷумҳуриро президент таъин мекунад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста