Дар доираи иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тошканд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои милллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ мулоқот карда, маҷмуъи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ намуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози суҳбат Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз имкони дидору мулоқот изҳори хушнудӣ карда, таъкид дошт, “мо ҷонибдори тақвияти бештари низоми навини сиёсӣ ва таъмини субот ва амният дар Афғонистони бародар мебошем ва онро гарави амнияти пойдор дар Тоҷикистон ва кулли минтақа медонем”.
Ҷонибҳо аз густариши муносибатҳои дӯстонаву судманди бисёрҷониба, ки марҳила ба марҳила мазмуни амиқтарро касб менамоянд, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки барои татбиқи ҳадафҳои ба ҳар ду ҷониб судовар фаъолияти пурсамари Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, техникӣ ва фарҳангӣ метавонад нақши муҳим дошта бошад.
Тақвияти ҳамкории муштарак вобаста ба хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир, ки хусусияти умумиминтақавӣ ва ҳатто глобалӣ доранд, зарур шумурда шуд.
Дар охир изҳори умед карда шуд, ки ду кишвари ба ҳам ҳамсояву бародар бар асари талошҳои муштарак дар роҳи рушду такомули муносибатҳои дӯстӣ ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳанд гашт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста