Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 29 июн ба президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи тасаллият ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қайд мешавад, ки «хабари мудҳиши ҳалокат ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди мардумро бар асари ҳамлаи фоҷеабори террористони маргталаб дар фурудгоҳи ба номи Отатюрки шаҳри Истамбул бо андӯҳи бузург дарёфтам».
«Мо ин амали ғайриинсонии ифротиён ва ҳама гуна зуҳуроти терроризмро, ки аслан на дин дораду на ватану на миллат, қатъиян маҳкум намуда, бо нигаронии шадид зарурати идомаи муборизаи сарҷамъонаи беамонро алайҳи ин вабои аср боз ҳам таъкид менамоем», - омадааст дар барқия.
Дар фарҷом сарвари давлати Тоҷикистон ҳамдардиву тасаллияти амиқи худро ба наздикони фавтидагон изҳор намуда, зикр мекунад, ки хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон аст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти ахири ВАО-и Туркия, шумори қурбониёни амали террористӣ дар фурудгоҳи ба номи Отатюрки шаҳри Истамбул ба 41 нафар расида, миёни фавтидагон 13 нафар шаҳрвандони хориҷӣ мебошанд. Аз таркишҳо дар маҷмӯъ 239 нафар осеб дида, 128 нафари онҳо дар бемористонҳо бистарӣ ва 40 нафари ҷароҳатбардоштагон дар шуъбаҳои эҳёгарии бемористонҳо қарор доранд.
Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи сешанбе дар қисматҳои пешвози хатсайрҳои байнулмилалӣ ва дохилии фурудгоҳи ба номи Отатурк дар шаҳри Истанбул таркишҳо ба вуқӯъ пайваста , ба талафоти зиёди ҷонӣ боис шуданд.
Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ изҳор намуд , ки миёни осебдидагон дар амалҳои террористӣ дар фурудгоҳи ба номи Отатурки шаҳри Истанбули Туркия шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста