Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Роҳбари ширкати “Салини Импреҷило” ҷаноби Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба ҳамкории ҷониби Тоҷикистон бо Ширкати «Салини Импреҷило» дар соҳаи гидроэнергетика, хусусан ҳамкорӣ дар сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун баррасӣ шуд.
Қайд гардид, ки аз рӯи баҳогузориҳои техникиву иқтисодӣ ва экологиву иҷтимоии лоиҳаи ин неругоҳ, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ амалӣ гардид, сохтмони нерӯгоҳ аз ҷиҳати бехатарӣ, техникӣ, иқтисодӣ ва экологиву иҷтимоӣ манфиатнок арзёбӣ карда шудааст.
Бо назардошти таҷрибаи ғанию имконияти васеи сармоягузорӣ ва ғолиби озмуни байналмилалӣ оид ба сохтмони иншооти НБО «Роғун» гардидани ширкати «Салини Импреҷило” ин корпоратсияи сохтмонӣ ҳамчун шарики умедбахши Тоҷикистон дар идомаи сохтмони НБО Роғун арзёбӣ гардид. Дар ҳамин замина иттилоъ дода шуд, ки байни Тоҷикистон ва Ширкати «Салини Импреҷило» доир ба лоиҳакашӣ, харид ва сохтмони иншооти НБО “Роғун” ба маблағи 3,900 миллиард доллари ИМА шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки фаъолияти ширкати «Салини Импреҷило» дар Тоҷикистон боз як омили пешравӣ дар рушди иқтисодиёт гардида ба ҷалби ин корпоратсияи бонуфузи сохтмонӣ дар татбиқи дигар лоиҳаҳои сармоягузории кишвари мо мусоидат менамояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста