Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (ШВКХ СААД), ки 4 июл дар шаҳри Ереван баргузор гардид, ширкат варзид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷӣ роҷеъ ба масъалаҳои мубрами сиёсати байналмилалӣ ва тадбирҳо оид ба пешгирӣ намудани чолишу хатарҳо дар минтақаи масъулияти СААД мубодилаи афкор намуда, ҳамзамон, оид ба беҳтар намудани фаъолияти минбаъдаи Созмон ва таҳкими иқтидори он қарорҳо қабул карда шуданд.
Хадамоти матбуоти СААД дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки зимни ҷаласа мушкилоти бештар муҳими таъмини амнияти байнулмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон, Сурия ва дар маҷмӯъ дар Шарқи Наздик ва ҳамчунин яке аз минтақаҳои доғ - Қарабоғи Кӯҳӣ баррасӣ шуданд.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни ҷаласа вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД Изҳорот «Доир ба вазъи Сурия ва гирду атрофи он» ва Изҳорот оид ба низоъ дар Қаробоғи Кӯҳиро қабул карданд.
Зимнан зикр мегардад, ки ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СААД нимаи дуюми соли 2016 дар шаҳри Ереван пеш аз иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, ки моҳи октябри соли равон дар назар аст, баргузор мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста