Дар ҷаласаи 6-уми Комиссияи байнипарлумонӣ оид ба ҳамкорӣ миёни Шӯрои Федератсияи Русия ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон муовини раиси Шӯрои Федератсия Евгений Бушмин изҳор намудааст, ки айни замон мувофиқасозии мавқеъҳо дар бахши муҳоҷират таркиби муҳимтарини муносибатҳои мутақобилаи Тоҷикистону Русия ба шумор меравад.
Рӯзномаи парлумонӣ дар ин робита менависад , Е.Бушмин хотиррасон кардааст, ки аз рӯи натиҷаҳои Форуми VI Русия ва Тоҷикистон дар Маскав соли 2014 як қатор тавсияҳои муҳим, аз ҷумла суръат бахшидан ба таҳияи лоиҳаҳои созишномаҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи суғуртаи нафақаи муҳоҷирони корӣ ва реадмиссия (оид ба баргардонидани муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба ватан) қабул шуда буданд.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз Тоҷикистону Русия ба роҳандозии ҳамкориҳо дар бахшҳои кишоварзӣ, энергетика, мошинсозӣ, металлургия ва ғайра манфиатдор буда, айни замон 83 субъекти Русия (аз 85 субъект) ба ҳамкориҳои байниминтақавӣ бо Тоҷикистон ҷалб шудаанд ва аллакай 80 созишномаҳои байниминтақавӣ ва ёддоштҳо қабул шудааст.
Дар навбати худ муовини аввали Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ қайд кардааст, ки имрӯз миёни кишварҳо танзими масъалаҳои муҳоҷират, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирни корӣ муҳим буда, ҳамасола 700 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишвар, асосан ба Русияро ихтиёр мекунанд.
Абдураҳмон Қодирӣ ҳамчунин хотиррасон кардааст, ки феълан барои риоя накардани қонунгузории муҳоҷират вуруди зиёда аз 330 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия ба муҳлати аз 3 то 5 сол манъ шуда, дар Тоҷикистон барои беҳбуди вазъ дар ин самт марказҳои омодагии муҳоҷирон ба фаъолият шурӯъ кардаанд, ки дар онҳо ба муҳоҷирон забони русӣ омӯзонида шуда, доир ба огаҳӣ аз қонунгузориҳои Русия ва соҳиби касбу кор шудани муҳоҷирони имконпазир машғулиятҳо гузаронида мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста