Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов сафири Шоҳигарии Ҳолланд Ҳенри Ҳуберт Дриссерро бинобар ба итмом расидани ваколаташ ба ҳайси сафир дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ тарафҳо оид ба раванди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҳолланд тайи чанд соли охир қаноатмандӣ изҳор намуда, умедвории амиқро аз рушд ва таҳкими ин муносибатҳо баён карданд ва дар фарҷоми мулоқот С.Аслов ба Ҳ. Ҳуберт Дриссер дар пешбурди фаъолияти ояндаи касбиаш муваффақият таманно кард.
Ҳамин рӯз муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ сафири Австралия Питер Тешро ва сафири Подшоҳии Таиланд (бо иқоматгоҳ дар ш. Остона) Нат Пинёваттаначипро ба муносибати супоридани нусхаҳои Эътимодномаҳо ба ҳузур пазируфта, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба доираи васеи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва ҳамчунин дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ табодули назар карданд.
Ҳамчунин ҳамин рӯз муовини вазири корҳои хориҷӣ Музаффар Ҳусейнзода сафирони Лаҳистон Петр Ивашкевич, Босня ва Гертсеговина Кемал Муфтич ва Чили Хуан Эдуардо Эгигуренро ба муносибати супоридани нусхаҳои Эътимодномаҳо ба ҳузур пазируфта, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба доираи васеи ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ табодули назар карданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста