Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат губернатори вилояти Нижегороди Федератсияи Русия Валерий Шантсевро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Русия, аз ҷумла робитаҳои байни минтақаҳои ду давлат дар соҳаҳои афзалиятнок мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Мо ба рушди марҳила ба марҳилаи ҳамкории Тоҷикистон ва Русия изҳори ҳавасмандӣ менамоем, таъкид кард Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва афзуд, ки ҳамёрии кишварҳои моро муносибатҳои неки стратегии дуҷониба ва минтақавӣ таҳким мебахшад.
Таъкид гардид, ки Федератсияи Русия дар савдои хориҷии Тоҷикистон мақоми пешсафи дошта ба сегонаи кишварҳои бузурге шомил аст, ки ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистон ва онҳо нисбатан афзун мебошад.
Дар мулоқот доир ба рушди ҳамкорӣ бо вилояти Нижегороди Федератсияи Русия дар соҳаҳои бештар афзалиятдоштаи саноат, кишоварзӣ, илму маориф ва туризм табодули афкори судманд доир гардид. Дар ҳамин замина ҷалби ташкилоту корхонаҳои саноатии вилояти Нижегород барои фаъолият дар Минатақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, ташкили содироти бештари меваю сабзавоти хушсифати Тоҷикистон ба шаҳру вилоятҳои Русия ва афзун намудани шумораи бурсияҳои таҳсил барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаҳои олии таълимии Федератсияи Русия аз самтҳои муҳими ҳамкории дуҷониба арзёбӣ карда шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба тақвияти муносибатҳо дар самти муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони кории тоҷик табодули афкор намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста