Дар анҷумани Ҳизби демократии ИМА Ҳилларӣ Клинтон ба сифати номзади расмии ин ҳизб ба мансаби раисҷумҳури ИМА тасдиқ шуд.
Хабаргузории РБК дар ин робита менависад, дар анҷумани Ҳизби демократии ИМА, ки дар Филаделфия ҷараёни дорад, Ҳилларӣ Клинтон ҳамчун номзад ба мансаби президенти ИМА расман тасдиқ шуда, 2821 раъйи вакилонро ба даст овардааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки шумори овозҳои зарурӣ 2383 раъйро ташкил медиҳад.
Гуфта мешавад, ин маротибаи дуюм аст, ки аз яке аз ҳизбҳои низомсози ИМА номзадии зан ба ин мансаб тасдиқ мешавад.
Маъракаи пешазинтихоботӣ дар ИМА санаи 8 ноябр бо раъйдиҳии умумӣ ба итмом мерасад. Дар ин маърака Ҳилларӣ Клинтон бо намояндаи Ҳизби ҷумҳурихоҳон Доналд Трамп рақобат мекунад, ки ҳамчун номзад ба мансаби президенти ИМА расман тасдиқ шуда буд .
Бино ба маълумоти Reuters, назарсанҷиҳои афкори умум, ки ҳафтаи ахир доир гардиданд, аз бартарияти Клинтон бар Трамп шаҳодат медоданд, вале натиҷаи назарсанҷии рӯзи сешанбе нишон додааст, ки Трамп нисбати Клинтон 2% бартарӣ доштааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста