Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 31 август барои анҷоми сафари расмӣ ва иштирок дар 12-ум Форуми умумиҷаҳонии исломии иқтисодӣ ба шаҳри Ҷакартаи Ҷумҳурии Индонезия сафар кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Гуфта мешавад, дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Хотиррасон мешавад, ки ин боздиди сеюми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Индонезия буда маротибаи аввал дар соли 2003 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахустин маротиба бо сафари давлатӣ аз ин кишвар дидан кардааст.Зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Индонезия дар моҳи октябри соли 2003 7 сандаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст, ки заминагузори рушди муносибатҳои дуҷонибаи ду давлати бо ҳам дӯсту бародар мебошанд.
Зикр мегардад, ки барномаи сафари навбатии расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Индонезия мулоқоту музокироти сатҳи баланди дуҷониба, суҳбату вохӯриҳои хосса бо роҳбарони давлатҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, инчунин иштирок дар 12-ум Форуми умумиҷаҳонии исломии иқтисодиро фаро мегирад. Дар назар аст, ки дар ҷараёни сафари расмии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Индонезия маҷмуи нави санадҳои ҳамкории дуҷониба ба имзо мерасанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста