Дар шаҳри Ҷакарта Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Бонки исломии рушд (БИР) доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ мулоқот карда , зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки бо дарназардошти нақши муҳими БИР дар маблағгузории лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, ки ба рушди минтақавии кишвари мо мусоидат менамояд, ҳукумати Тоҷикистон ба БИР барои солҳои 2016-2018 дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт 9 лоиҳаи афзалиятнокро муайян намуда, таҳкими муштаракоти дуҷонибаро дар доираи Барномаи махсуси Бонк барои Осиёи Марказӣ дар давраи солҳои 2016-2020 муҳим ва саривақтӣ меҳисобад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, таъсиси Фонди ҳаёт ва маблағҳо барои ҳаёт, ки аз ҷониби Бонки Исломии Рушд ва дигар фондҳои шарик бо мақсади рушди соҳаҳои гуногуни давлатҳои аъзои Бонк таъсис дода шудааст дар шароити таъсири ногувори буҳрони молиявӣ ба иқтисоди ҷаҳон иқдоми муҳим арзёбӣ шуд. Доир ба идомаи ҳамкорӣ дар сохтмон ва навсозии қитъаҳои алоҳидаи роҳи автомобилгарди Кӯлоб - Қалъаи Хумб - Қулма таклифу пешниҳодоти судманд баён карда шуд.
Имрӯз дар Ҷакарта Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Ҷумҳурии Малайзия Наҷиб Тун Абдул Раззоқ низ мулоқот карда , дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Малайзия дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ ва мақоми хосса доштани ҳамёрӣ бо Малайзия дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон махсус таъкид гардид.
Мусоҳибон барои афзун намудани нишондиҳандаҳои гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия, ҷалби доираи соҳибкории ин давлат барои амалисозии лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ва татбиқи лоиҳаи бунёди Маркази барқу гармидиҳии Шӯроб, ки дар ҳамбастагӣ бо яке аз ширкатҳои бонуфузи Малайзия пешбинӣ шудааст, фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.
Дар рӯзҳои баргузории Форуми ҷаҳонии исломӣ-иқтисодӣ дар шаҳри Ҷакарта Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо сарвазири Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри Ланка Ранил Шриян Викремесингҳ мулоқот намуда , ҷонибҳо бо таври муфассал ҷиҳати роҳандозӣ намудани самтҳои наву ояндадори ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, хусусан бунёди неругоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ, коркарди муштараки канданиҳои фоиданоки табиии Тоҷикистон ва таҳкими робитаҳои бисёрҷанбаи илмию фарҳангӣ табодули афкор намуданд.




“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Ду ҳавопаймо дар Хуҷанд фуруд омада натавониста, дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Самарқанд нишастаанд
Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста