Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Симпозиуми байнулмилалӣ дар Душанбе оид ба масоили захираҳои об президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки дар шароити кунунӣ равшан аст, ки раванди гузариш ба рушди устувор барои бархе аз кишварҳои ҷаҳон мушкилу печида хоҳад буд.
«Бино бар ин, роҳандозии талошҳои муштарак ва дасти ёрӣ дароз кардан ба он кишварҳое, ки дар ин масир ба мушкилот рӯ ба рӯ шудаанд, гарави татбиқи комгоронаи Рӯзномаи нави ҷаҳонии рушд хоҳад буд», - гуфт ӯ.
Дар робита ба ин Эмомалӣ Раҳмон дастгирии гурӯҳи кишварҳои дорои вазъияти вижа, аз ҷумла кишварҳои тараққикунандаи маҳсур бо хушкӣ ва хурди ҷазиравиро ба хотири татбиқи барномаҳои миллии рушди онҳо муҳим арзёбӣ кард.
Президенти мамлакат таъкид дошт, ки барои Тоҷикистон, ки дорои захираҳои маҳдуди замин мебошад, истифодаи оқилона ва босамари захираҳои об ҷиҳати таҳким бахшидан ба рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ба вижа коҳиши камбизоатӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ, инчунин тавсеи соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ аҳамияти бунёдӣ дорад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин зикр кард, ки бино бар ин, дар Стратегияи рушди миллии кишвар, ки айни ҳол аз ҷониби коршиносон таҳриру такмил дода мешавад, мудирияти захираҳои об ҷойгоҳи шоиста дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста