Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Симпозиуми байнулмилалӣ дар Душанбе оид ба масоили захираҳои об президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар мудирияти захираҳои обҳои минтақавӣ дар асоси усулҳои баробарҳуқуқӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ бояд барномаҳои мушаххаси минтақавиро роҳандозӣ намоянд.
Ба андешаи сарвари давлати Тоҷикистон, таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба захираҳои об, метавонад кӯшишҳо дар самти расидан ба Ҳадафҳои рушди устуворро халалдор намояд.
«Тибқи арзёбиҳои муътамад, аз ҷумла тадқиқотҳои сохторҳои алоқаманди СММ, раванди болоравии ҳарорат дар сатҳи глобалӣ рӯ ба афзоиш ниҳода, ин раванд метавонад ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ ҳамасола то 2 триллион доллар зарар расонад», - гуфт ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки Тоҷикистон, ки дар қаламрави он то 60 дарсади захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ ташаккул меёбад, ҳамчунин аз таъсири манфии тағйирёбии иқлим дар канор намондааст.
«Дар давоми даҳ соли ахир қариб 30 дарсади ҳаҷми пиряхҳои Тоҷикистон об шудааст ва ин тамоюл идома дорад, - иброз дошт ӯ. - Тайи ин давра танҳо масоҳати пиряхи Федченко – бузургтарин пиряхи қитъавӣ дар Тоҷикистон – ба андозаи 2 километри мукааб ях коҳиш ёфтааст».
Дар ҳамин ҳол, гуфт дар идома президенти Тоҷикистон, ҳамзамон, соли ҷорӣ бинобар камобӣ пастшавии сатҳи оби дарёҳои асосии минтақа, аз ҷумла Амударё ва Сирдарё дар андозаи то 30 дарсад мушоҳида мешавад ва ин ҳолат ба ҷараёни обтаъминкунии кишварҳои ҳавза таъсирбахш аст.
Ёдрас мекунем, ки имрӯз дар Душанбе Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони “Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт” ба кори худ оғоз намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста