Тайи ду ҳафтаи ахир ҳукуматдорони Туркия ҳудуди 140 нафар зодагони минтақаи Осиёи Марказиро, ки дар қаламрави ин кишвар ҳузур доштаанд, боздошт карданд.
Бино ба иттилои хабаргузории «Фергана» бо истинод ба «Озодлик» (хадамоти ӯзбекии Радиои Озодӣ), мақомоти амнияти шаҳри Истамбул беш аз 100 нафар шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказиро боздошт намуда, қисмате аз онҳо озод ва чандеро бо шарти тарк кардани қаламрави Туркия дар муддати 1 моҳ раҳо кардаанд.
Гуфта мешавад, айни замон дар маркази будубоши муваққатии шаҳрвандони хориҷиии мавзеи Кумкаппаи Истамбул 60 нафар шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ нигаҳдорӣ мешаванд, ки 4 тан аз онҳо - шаҳрвандони Тоҷикистон, 6 нафар - шаҳрвандони Қирғизистон, 9 нафар - аз Русия, 1 нафар - аз Қазоқистон ва боқимонда ӯзбекҳо мебошанд.
Пешвои Ҳаракати мардумии Ӯзбекистон Муҳаммад Солеҳ гуфтааст, миёни 60 нафари дар марказ қарордошта, 4 нафар занони ҳомиладор, 17 нафар кӯдакон, аз ҷумла тифлони 2-ҳафтаинаву 3-моҳа низ ҳузур доранд.
Ҳамчунин зикр мегардад, ки боздошти зодагони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо дар шаҳри Истанбул сурат мегирад.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои хадамоти тоҷикии Радиои Озодӣ , дар пайи як амалёти мақомоти интизомии Туркия, рӯзи 29-уми июл наздики 140 муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дастгир шудаанд, ки дар миёни онҳо ҳашт тан шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд.
Зикр мегардад, ки бори аввал аст, ки Туркия бидуни дархости Тоҷикистон муҳоҷирони меҳнатии ин кишварро мехоҳад, аз хокаш берун кунад.
Ҳамчунин гуфта мешавад, сафорати Тоҷикистон дар Туркия дар бораи боздошти тоҷикон ва эҳтимоли ихроҷашон то ҳанӯз изҳори назар накардааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста