Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов рӯзи 16 август сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Элизабет Миллардро ба ҳузур пазируфт.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, ҷонибҳо натиҷаи дуюмин мулоқоти вазирон дар сиғаи С5+1, сатҳи кунунии ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 3 август дар Вашингтон ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов дар Нишасти навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар сиғаи С5+1 ширкат варзида , дар он масъалаҳои ҳамкории Осиёи Марказӣ бо ИМА дар соҳаҳои мухталиф, аз қабили иқтисодӣ, амнияти минтақавӣ, муҳити зист ва масъалаҳои башардӯстона мавриди муҳокима қарор гирифтанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста