Дар шаҳри Пекин рӯзи 25 августи соли 2016 даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор шуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ ва ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чинро муовини вазири корҳои хориҷии он кишвар Ли Хуейлай роҳбарӣ карданд.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои ду кишвар дар арсаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, амниятӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ, фарҳангӣ ва башариро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин росто ба рафти иҷрои тавофуқоте, ки миёни роҳбарони ду кишвар моҳи июни соли ҷорӣ ҳосил шуда буданд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Бо дарназардошти сатҳи баланди ҳамкориҳои сиёсии Тоҷикистон ва Чин, атрофи масъалаҳои мубрами минтақа ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои самарабахш дар самти мубориза алайҳи чолишҳои амнияти миллӣ ва минтақавӣ табодули назар сурат гирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста