Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар Душанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки Тоҷикистону Русия муносибатҳои худро аз ибтидо бо дарки умумияти манфиатҳои дарозмуддати халқҳои ду кишвар ба роҳ монда, вақт комилан дуруст будани ин интихобро ба манфиати роҳандозии муносибатҳои байнидавлатии ду кишвар дар сатҳи шарикии стратегӣ собит намуд.
«Назари иҷмолӣ ба таърихи навини робитаҳои Тоҷикистону Русия нишон медиҳад, ки онҳо ба заминаҳои қавии таърихӣ такя намуда, ҳамеша дар ҷараёни рушди бемайлон будааст», - қайд кард президент.
Сарвари давлати Тоҷикистон зикр кард, ки миёни давлатҳо, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, муколамаи мунтазами сиёсие, ки маҷмӯи масъалаҳои муносиботи Тоҷикистону Русияро дар мадди таваҷҷуҳи доимӣ қарор медиҳад, ба роҳ монда шудааст ва ҷараён дорад. Ҳамкории наздики ду кишвар дар соҳаи мудофиа ва амният дар маҷмӯъ омили муҳими нигоҳдории суботи минтақа мебошад», - иброз дошт ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон Русияро шарики муҳими иқтисодӣ номида, қайд кард, ки он дар низоми робитаҳои иқтисодии хориҷии Тоҷикистон яке аз мавқеъҳои пешсафро ишғол мекунад.
Ғайр аз ин, президент ҷойгоҳи махсуси муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистон ва Русияро дар бахши гуманитарӣ, аз ҷумла самтҳои маориф ва илм дар низоми умумии ҳамкориҳои дуҷониба қайд карда, изҳор намуд, ки «ҷавонони Тоҷикистон ҳамасола барои таҳсил ба Русия фиристода шуда, имрӯз дар макотиби олии Русия беш аз бист ҳазор шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла понздаҳ ҳазор дар асоси квота, таҳсил мекунанд».
Дар идома президенти мамлакат нақши муҳими забони русӣ барои ҷомеаи Тоҷикистонро зикр карда, таъкид дошт, ки: «Забони русӣ барои ҷомеаи мо аҳамияти бузурги на шиорӣ, балки воқеӣ дорад ва дар Конститутсияи кишвар ба он мақоми забони муоширати байни миллатҳо дода шудааст».
Зикр гардид, ки дар меъёрҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба забони русӣ мақоми фанни ҳатмӣ дода шудааст ва онро дар тамоми макотиби таҳсилоти умумии кишвар шурӯъ аз синфи дуюм меомӯзанд.
Президенти Тоҷикистон ҳамчунин таъкид намуд, ки соли гузашта Ҳукумати мамлакат Барномаи нави шашсоларо барои омӯзиш ва таълими забони русӣ қабул кард.
«Дар ин самт масъалаи таъмини муассисаҳои таҳсилотии мо бо мутахассисони ба талаботи педагогӣ ҷавобгӯ, китобҳои дарсӣ ва лавозимоти таълимӣ муҳим боқӣ мемонад. Дар ин кор мо ба дастгирӣ ва мусоидати дӯстони русиягиамон умед мебандем. Аз ин сабаб, мо аз рӯзҳои аввали ҳамкории кишварҳоямон дар самти маориф чандин маротиба ба ҷониби Русия, аз ҷумла дар сатҳи хеле баланд, муроҷиат кардем», - афзуд президент.




Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?
“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ
Раводид миёни Тоҷикистону Эрон бекор шуд. Равуои сайёҳон чӣ гуна афзоиш ёфт?
Таҷлили Наврӯз дар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз
Муҳаммадбоқир Зулқадр ба ҷои Алии Лориҷонӣ дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон таъин шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 52
Ташхиси тиббӣ барои кор дар Русия. Русия созишнома бо Тоҷикистонро пурра тасдиқ кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 марти соли 2026
Хона ба хонаи арӯсон. “Хонагаштак” чӣ гуна ҷашн аст ва ба Наврӯз чӣ қаробат дорад?
Аз қатъи маблағгузории PEPFAR як сол гузашт. Тоҷикистон тавонист роҳи бурунрафт аз ин буҳронро пайдо кунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста