Бори нахуст вакилони парлумон ба мардуми ҷумҳурӣ савганд ёд мекунанд. Маросими савгандёдкунӣ баъди таътили тобистона дар ҷаласаи нахусти иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда, 3 октябр баргузор мешавад.

Дар раъйпурсии санаи 22 май ба Конститусияи ҷумҳурӣ дар бораи савгандёдкунии вакилони парлумон ба мардуми кишвар тағйирот ворид гардида буд.

Тартиби савгандёдкунии вакилони палатаи поёнӣ ва болоии парлумон тибқи қонунҳо «Дар бораи Маҷлиси Олии ҶТ» ва «Дар бораи мақоми ҳуқуқии аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ» танзиму муқаррар мешавад.

Тағийрот ба қонунҳои зикршуда ва қонун «Дар бораи ҳукумати ҶТ»-ро ҳукумат охири моҳи июн таҳия ва ҷиҳати баррасӣ ба парлумон ирсол намуд. Вакилон онро бидуни баррасӣ ва якдилона маъқул шумориданд.

Мувофиқи қонунгузорӣ, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон пас аз интихоб ё таъинот дар ҷаласаҳои палатаҳо ба мардум савганд ёд карда, аъзои ҳукумат баъди таъинот аз ҷониби президент ва тасдиқи фармон, ба содиқ будан ба президент савганд ёд мекунанд ва ин маросим дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаҳои парлумон сурат мегирад.

Қиёмиддини Миралиён, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ба Радиои Озодӣ дар ин робита изҳор намудааст, ки то кунун тибқи масъулияти бар зиммаашон гузошта кор мекарданд, вале пас аз ёд кардани савганд масъулияташон бештар хоҳад шуд. “Мо мусалмонем ва арзиши савгандро дарк мекунем. Вақте қасам мехӯрем, баландтарин масъулиятро ба худ мегирем, ки бояд ба ваъдаи худ вафо кунем”,- таъкид кардааст ӯ.