Нимаи дуюми рӯзи 5 декабр Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.  

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Президенти Тоҷикистон Шавкат Мирзиёевро ба муносибати интихоб гардиданаш ба мансаби воломақоми Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон самимона табрик гуфта, ба манзури ривоҷу равнақи Ӯзбекистони дӯст дар фаъолияти минбаъдаи давлатиашон дастовардҳои нав ба нав орзу намуд.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни сӯҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистонро мавриди гуфтугӯ қарор дода, дурнамои рушди онҳоро дар рӯҳияи анъанаҳои  созандаи мероси таърихии муносибатҳои чандинасраи неки ҳамҷавории мардумони ду кишвар баррасӣ намуданд.

Бино ба маълумоти Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон,  ба ҷонибдории номзад аз Ҳизби либералӣ-демократии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 15 млн. 900 ҳазор интихобкунадагон овоз додаанд, ки 88,61% аз шумори умумии раъйҳоро ташкил медиҳад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон яке аз аввалинҳо шуда президенти тозаинтихоби кишвари ҳамсояро бо пирӯзиша табрик кард. Дар барқияи табрикии президенти Тоҷикистон аз ҷумла зикр гардид, ки «дар Тоҷикистон Шуморо ҳамчун пайрави рушди бемайлони муносибатҳои дӯстиву неки ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои гуногунсоҳаи кишварҳои мо медонанд ва ба шахсияти Шумо эҳтиром мегузоранд».