Вазорати умури хориҷии Амрико дар буҷети соли ояндааш барои Тоҷикистон 41,6 миллион доллар кӯмаки молӣ пешбинӣ кардааст.
Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, кӯмаки молии қаблии ин вазорат ба Тоҷикистон дар соли 2015 - 28 миллиону 941 ҳазор долларро ташкил медод.
Гуфта мешавад, дар гузориши Вазорати хориҷаи Амрико ҳадаф аз кӯмаки молӣ "пуштибонӣ аз фаъолияти муассири сохторҳои давлатӣ, фароҳам кардани замина барои тавсеаи касбии хадамоти амниятӣ, рушди ҳамкориҳои ИМА бо Тоҷикистон дар бахши амниятӣ ва мусоидат дар рушди ҷомеаи маданӣ, соҳибкорӣ, тандурустӣ, маориф ва ҳамкориҳо дар бахшҳои обу энержӣ" гуфта шудааст. Вазорати хориҷаи Амрико гуфтааст, ки Тоҷикистон аз фақиртарин кишварҳои ҷаҳон буда ва ба кӯмакҳои молии байналмилалӣ ниёз дорад.
Зикр мегардад, ки Вазорати хориҷаи Амрико гузориш ҳамчунин гуфтааст, Тоҷикистон дар самти рушд ва амният ба чолишҳое назири камбуди доимии ғизою нерӯи барқ, истифодаи ғайримуассири об, марзи тӯлонию ноором бо Афғонистон, фасоди густарда, институтҳои ақибмондаи демократӣ ва системаи ба талабот ҷавобгӯ набудаи маорифу тандурустӣ, рӯбарӯ мебошад.



