Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 14 то 18 декабр ба Ҳиндустон сафари давлатӣ анҷом медиҳад.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ҷараёни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо президент ва нахуствазири Ҳиндустон дидору гуфтушунид карда, дар ин вохӯриҳо баррасии масоили густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсату иқтисод, амнияту мудофиа, туризму энергетика, мубориза бо терроризм ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн дар назар аст.
Бино ба иттилои манбаъ, аз рӯи натиҷаҳои ин сафар имзои бастаи нави санадҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Ҳиндустон ба нақша гирифта шудааст.
Қобили зикр аст, ки айни замон байни Тоҷикистону Ҳиндустон заминаи хуби қарордодиву ҳуқуқии иборат аз 60 санади байниҳукуматӣ ва байни вазорату идораҳо барои ҳамкорӣ вуҷуд дошта, ҳамчунин миёни кишварҳо Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ амал мекунад.



