Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка сафар кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Фаррух Ҳамрализода, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Қодири Қосим, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Аҳтам Абдуллозода, сардори Хадамоти гумрук Абдуфаттоҳи Ғоиб ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Қобили зикр аст, ки аз рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта сафари давлатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳиндустон оғоз мегардад.



