Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар робита ба вазъи ҷойдошта дар бахши алоқаи ҳавоӣ миёни кишварҳо ба унвони Вазорати корҳои хориҷии Русия ёддошт ё нота фиристода буд, ки дар сомонаи Вазорати гузошта шудааст.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар ёддошт ба риоя нашудани муқаррароти Созишнома миёни ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия дар бораи алоқаи ҳавоӣ аз 12 сентябри соли 1997 ишора мешавад.

«Ҷониби Русия бори навбатӣ дар бораи ҷорисозии чораҳои манъкунӣ қарор қабул кард, ки дар Созишнома пешбинӣ нашудаанд. Мутобиқи моддаи 16-и Созишномаи мазкур, зимни ба вуҷуд омадани масоили баҳсӣ, ҷонибҳо метавонанд машваратҳо гузаронанд ва айни замон механизми машваратҳо миёни мақомоти авиатсионии кишварҳо то ба охир истифода нашудааст», - қайд мешавад дар ёддошт.

Гуфта мешавад, дар робита ба ин ВКХ Тоҷикистон барои мусоидат ба идомаи гуфтушуниди мустақим миёни мақомоти дахлдори кишварҳо бо мақсади танзими ҳарчи зудтари масъала дар рӯҳияи муколамаи созанда ва шарикии стратегӣ ба ВКХ Русия муроҷиат кардааст.

Дар ҳамин ҳол, чанде қабл котиби матбуотии сафорати Тоҷикистон дар Русия Сарвар Бахтӣ изҳор дошт, ки ба ин ёддошт аз ВКХ Русия то ҳол посухе нарасидааст.

Гуфтушунидҳои мақомоти Тоҷикистону Русия оид ба масоили алоқаи ҳавоӣ дар Маскав идома доранд.