Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 4-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардида, натиҷаҳои он аҳамияти калони рушди муносибатҳои дуҷонибаро баръало нишон доданд.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамеша бо талошҳои зиёд баҳри таҳким ва густариши муносибатҳои таърихии дӯстонае, ки бар дастгирии мутақобилаи ҳусни ҳамҷаворӣ ва кумаки бародарона асос ёфтаанд, фарқ мекунанд.
Ҳар ду ҷониб оид ба рушди минбаъдаи ҳамкории пурсамар, татбиқи лоиҳаҳои муштараки дорои хусусияти минтақавӣ ва рушди муколамаҳои фарҳангии байни миллатҳо нақшаҳои бузург доранд.
Ҷаласаи Комиссия дар фазои созанда, рӯҳияи эҳтироми мутақобила ва ҳамдигарфаҳмӣ доир шуд. Дар чаҳорҷӯбаи ҷаласа доираи васеи масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла самтҳои асосии ҳамгироӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, нақлиёту саноат ва фарҳангу маориф баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин хусусиятҳои асосӣ ва роҳҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба афзоиши гардиши тиҷорату иқтисод муҳокима гардид.
Ҷонибҳо ба мувофиқа омада, самтҳои марбут ба ҳалли ин ва дигар масъалаҳоро муайян намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста